Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар озмуни "Евровидение" иштирок мекунад


Қазоқистон аз соли оянда дар озмуни аврупоии мусиқии "Евровидение" иштирок хоҳад кард. Ин хабарро дар Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо расонаҳо тасдиқ карданд.

Иттиҳоди нашаротии Аврупо (ИНА) ахиран дархости шабакаи телевизиони 31-и Қазоқистонро барои иштирок дар озмун тасдиқ кард. Вале телевизионҳои давлатии Қазоқистон натавонистанд дархостҳои худро пешниҳод кунанд.

Расонаҳои маҳаллӣ суханҳои мудири кулли телевизиони 31 Багдат Кожахметовро иқтибос овардаанд, ки дар суҳбат бо вазири фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулӣ мегӯяд, "моҳи майи соли 2018 ба "Евровидение" ҳунармандони калонсолро мебарем. Онҳо нахуст дар давраҳои интихобӣ ва соли 2019 бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар озмун иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин барои интихоби иштирокчиён озмунҳо баргузор карда мешаванд".

Дар озмуни "Евровидение" кишварҳое метавонанд, иштирок кунанд, ки шабакаҳои телевизионии онҳо ба узвияти ИНА шомиланд. Ин озмун соли оянда дар Португалия баргузор мешавад. То ҳол 43 кишвар гуфтаанд, ки дар он иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG