Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон ҳомии ҳайвонҳо баъди 15 рӯз аз ҳабс озод шуд


Дар Туркманистон фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳайвонҳо Галина Кучеренкоро шаби 22 декабр баъди 15 рӯзи ҳабс аз боздоштгоҳ озод карданд. Дар ин бора наздикони Кучеренко иттилоъ доданд.

Кормандони пулис 7 декабр ба хонаи Кучеренко, дар шаҳри Ишқобод омада, ӯро ҳамроҳи духтараш -- Валерия нахуст ба шуъба ва баъдан ба додгоҳ бурданд.

Он рӯз Валерияро дар алоҳидагӣ ҷарима ва озод карданд, вале тақдири модараш то чанд рӯзи дигар номаълум монд. Танҳо 12 декабр ба Валерия иҷозат доданд, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ, воқеъ дар наздикии Ишқобод бо модараш мулоқот кунад.

Ба гуфтаи наздикони Кучеренко, ӯро дар асоси шикояти ҳамсояҳояш боздошт кардаанд. Ҳамсояҳо аз ҳайвонҳои хонагӣ - гурбаву саги Кучеренко шикоят кардаанд.

Галина Кучеренко барои навиштаҳои танқидиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ин замон борҳо аз сӯи мақомот таҳдид шунидааст. Вай асосан аз қатли сартосарии ҳайвонҳои хонагӣ дар Туркманистон эътироз мекунад, инчунин барои дастрасӣ ба интернет ҳақталошӣ дорад.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё афви умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG