Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поп Франсис аз паноҳандагон ва муҳоҷирон дифоъ кард


Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар маросиме ба муносибати зодрӯзи паёмбар Исои Масеҳ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ кард ва гуфт, ки онҳо бояд эҳтиром шаванд. Поп Франсис дар суханронии маросими мавлуди паёмбар Исои Масеҳ шаби 24-уми декабр дар Ватикан гуфтааст, "мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки ҳама аъзои як хонавода маҷбур ба тарки ватан мешаванд."

Вай ҳамчунин гуфт, "бисёре аз мардум маҷбур ба фирор аз раҳбароне ҳастанд, ки "дар рехтани хуни бегуноҳон ҳеҷ мушкиле намебинанд". Поп Франсис дар суханронии худ афзуд, ки миллионҳо нафар на ба ихтиёри худ, балки бо зӯр аз ватани худ берун ронда шуданд ва азизонашон дур мебошанд. Вай хоҳони он шуд, ки муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон эҳтиром шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ин ҷашн дар дигар нуқтаҳои ҷаҳон, аз ҷумла шаҳри Байтуллаҳм -- зодгоҳи Исои Масеҳ баргузор шудааст.

Ҳазорон нафар дар маросими бузургдошт аз зодрӯзи Исои Масеҳ дар шаҳри Ватикан ширкат карданд. Дар ин маросим ҳамасола раҳбари католиҳои ҷаҳон суханронӣ мекунад. Суханронии шаби гузаштаи Поп Франсис ҳудуди 90-дақиқа давом кард ва қисмати зиёди он ба забони лотинӣ садо дод.

Попи 81-сола худ фарзанди муҳоҷирони итолиёӣ ба Аргентина аст. Поп Франсис борҳо аз ҳуқуқи паноҳандагон ва муҳоҷирон дифоъ кардааст. Ин панҷумин сол аст, ки попи аргентинӣ ба унвони раҳбари калисоми католикӣ дар маросими зодрӯзи Исои Масеҳ суханронӣ мекунад. Калисои католикӣ дар саросари ҷаҳон беш аз 1,2 миллион нафар пайравон дорад ва яке аз шохаҳои бузургтарини дини масеҳият ба шумор меравад.

Паноҳандагон дар Сербия. Акс аз бойгонӣ.
Паноҳандагон дар Сербия. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳамин ҳол, ин ҷашн дар дигар нуқтаҳои ҷаҳон, аз ҷумла шаҳри Байтуллаҳм -- зодгоҳи Исои Масеҳ баргузор шудааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, бинобар нооромиҳои ахир, афроди камтаре нисбат ба соли гузашта дар ин маросим иштирок доштанд. Антон Салмон, раиси шаҳри Байтуллаҳм ҳам таъкид кардааст, ки ҷашнҳои мавлуди Исои Масеҳ имсол бинобар хашми мардум аз тасмими раиси ҷумҳури Амрико дар бораи Байтулмуқаддас, камрангтар шуд.

Нооромиҳо дар пайи эъломи тасмими Доналд Трамп, президенти Амрико дар бораи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддаст ба унвони пойтахти Исроил, шиддат гирифта буд. Бо ин ҳам, маросимҳои рӯзи якшанбе бидуни ҳеҷ гуна танише ва бо ҳузури масеҳиёни фаластинӣ баргузор шуд. Байтуллаҳм дар бахши шарқии Байтулмуқаддас ҷойгир аст. Ин шаҳр ба унвони муқаддастарин ҷойгоҳи адёни яҳудӣ, масеҳият ва ислом шинохта мешавад.

XS
SM
MD
LG