Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ бо панҷ фарзанд... дар вагон. ВИДЕО


Ҳафт узви хонаводаи Тухтабоқиевҳо дар Қазоқистон баъди ҷарроҳии падари оила бе сармоя ва манзил монданд. Ҳоло онҳо дар вагонҳое зиндагӣ мекунанд, ки баъзе аз дӯстон барояшон додаанд.

Ба мо гуфтанд, ки 1000 доллар зарур аст. Ба бонк рафта, хостам қарз гирам. Аммо чун шавҳарам маълул аст, қарз надоданд

Тухтабоқиевҳо то аввали имсол дар як хонаи калон зиндагӣ доштанд. Падари хонавода Рустам Тухтабоқиев кору маоши хуб дошт. Моҳи апрели имсол маълум шуд, ки бемории саратон дорад ва ночор сарашро ҷарроҳӣ карданд. Баъди ин, аз онҳо хостанд, ки хонаро холӣ кунанд. Тухтабоқиевҳо дар кӯча монданд.

Гулчеҳра Тухтабоқиева, модари хонавода мегӯяд, ҳоло зиндагиро дар вагон идома медиҳанд. “Ин вагонҳоро раиси корхонае, ки шавҳарам дар онҷо фаъолият дошт, барои мо дод. Бародаронам оварда гузоштанд ва мо ба вагонҳо кӯчидем”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зиндагӣ бо панҷ фарзанд ва дар се вагон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Се вагонро ба ҳам пайванд карда ва то қадри имкон гарм карданд. Ин оила 200 доллар нафақаи маъюбӣ мегирад. Аммо Гулчеҳра Тухтабоқиева мегӯяд, ки наметавонад шароити зиндагиашонро беҳтар кунад. Рӯзгорашонро аз ҳисоби чанд мурғу ду гов пеш мебаранд.

Ихтиёриёни барномаи “Мо бо Шумоем” барои ошноӣ бо ин хонавода рафтанд. Дар арафаи Соли нав онҳо аз хонаводаҳои ниёзманд барои Бобои Барфӣ нома ҷамъ мекунанд. Чунин оилаҳоро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ меёбанд.

Гулчеҳра ҳам нома навишт. Орзуи ӯ кашидани лӯлаи об ба хонааш аст. Қубури обро метавон аз деҳаи ҳамсоя гузаронд, вале Тухтабоқиевҳо барои ин кор пул надоранд.

Гулчеҳра Тухтабоқиева
Гулчеҳра Тухтабоқиева

“Ба мо гуфтанд, ки 1000 доллар зарур аст. Ба бонк рафта, хостам қарз гирам. Аммо чун шавҳарам маълул аст, қарз надоданд”, - мегӯяд Гулчеҳра Тухтабоқиева. Дар ҳоли ҳозир дар хонаводаи Тухтабоқиевҳо обкашӣ аз деҳаи ҳамсоя вазифаи ҳаррӯзаи Фарҳоди 13-сола аст. Ин хонавода 5 фарзанд дорад ва чаҳор нафари онҳо мактаб мехонанд.

Лоиҳаи “Нома ба Бобои Барфӣ”-ро ду ихтиёрӣ оғоз карданд ва он ба як ҳаракати ҷумҳуриявӣ дар Қирғизистон табдил ёфт. Имсол барои Бобои Барфӣ 3 ҳазор нома ҷамъ карданд. Теъдоди онҳое ҳам, ки мехоҳанд орзуи афроди ниёзмандро амалӣ кунанд, бештар мешавад.

Олга Рябева, ихтиёрии тарҳи “Мо бо Шумоем”, гуфт, “орзуҳо кӯдаконаанд. Ҳеч кас телефон ё планшет дархост накард. Онҳо бозича орзу хостанд. Фақат якеашон боронӣ хост. Ман фикр мекунам, тӯҳфаҳо аз ин бештар мешавад, зеро дидем, ки на кӯдакон ва на модари онҳо либоси хуб надоранд.”

Гулчеҳра Тухтабоқиева ҳамчунин хостааст, ки хонаводаи тонҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин кунанд. Новобаста ба онки имсол барои оилааш мушкилоти зиёд овард, орзу дорад, соли кӯҳнаро бо дастархони идона гусел кунад, то дар соли оянда дастархонаш пур аз нуқлу наво бошад.

XS
SM
MD
LG