Пайвандҳои дастрасӣ

"Вагон-мактаб" чанд километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон. ВИДЕО


Бинои "вагон-мактаб" дар наздикии пойтахти Тоҷикистон

Кӯдакони деҳаи Ваҳдат, воқеъ дар 8-километрии ғарби Душанбе, соли нави таҳсилро мисли гузашта дар вагон шурӯъ карданд. Шаш сол қабл ҳукумати ноҳияи Ҳисор як вагонро ба мактаб табдил дод ва Вазорати маориф онро ба ҳайси филиал ё намояндагии мактаби шумораи 56-и ноҳия сабтином кард.

Вазорати молия далел пеш меорад, ки боғи 15-солагии истиқлолият 17 миллион сомонӣ аз буҷет қарздор аст. Онҳо мегӯянд, то хоҷагӣ қарзро пардохт накунанд, иҷозаи сохтмони мактабро дода наметавонанд.

Маҳмадуллоҳ Қосимов, омӯзгори ин мактаб, рӯзи 5-уми сентябр гуфт, ки дар ин "вагон-мактаб" дар маҷмуъ 70 нафар аз синфи 1 то 4 таҳсил мекунанд. "Ҳар рӯз волидон омада, ба сабаби набудани ҷой ба мо ҳар гуна гап мезананд. Онҳо доим мепурсанд, ки кӯдаконро ба куҷо барем?" - афзуд ӯ.

Ҳукумати ноҳияи Ҳисор 6 сол пеш барои бунёди мактаб дар ин деҳаи навбунёд замин ҷудо кард ва ҳама асноди заруриро ба ниҳодҳои масъул фиристод. Вазорати маориф ва илм иҷоза дод, ки дар деҳа мактаби калон сохта шавад. Аммо Вазорати молия аз пуштибонии тарҳ худдорӣ кардааст. Маҳмадуллоҳ Қосимов гуфт, сабаби ин тасмими Вазорати молия қарздории боғи 15-солагии Истиқлолият, воқеъ дар деҳаи Ваҳдат будааст. Ӯ гуфт, "Вазорати молия далел пеш меорад, ки боғи 15-солагии истиқлолият 17 миллион сомонӣ аз буҷет қарздор аст. Онҳо мегӯянд, то хоҷагӣ қарзро пардохт накунанд, иҷозаи сохтмони мактабро дода наметавонанд."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асоси муқаррарот амал кардаанд. "Вагон-мактаб"-и деҳаи Ваҳдат имсол ҳамаи кӯдакони синфи якумро бо таҳсил фаро гирифта натавонист, чунки ҷойи нишаст надорад. Асомиддин Юсуфов, раиси маҳаллаи Ваҳдати ноҳияи Ҳисор гуфт, тақрибан 30 хонандаи синфи 1-ум бояд қабул шавад, аммо дар ин вагон дар як вақт аз 17 нафар зиёд ҷой намегирад. "Сездаҳ кӯдаки дигарро ҷавоб додем", - афзуд ӯ.

Маҳмадуллоҳ Қосимов
Маҳмадуллоҳ Қосимов

Мактаби наздиктарин ба деҳаи Ваҳдат ҳудуди 7 километр аст. Кӯдакон маҷбуранд, барои идомаи таҳсил ба мактабҳои аз манзилашон дур бираванд, ки боис ба нигаронии волидон аст. Сайёра Юсуфова, сокини деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, то аз мактаб омадани кӯдаконаш парешон мемонад. "Чунки ин роҳи дуру дарозро рафтан ва ду роҳи мошингардро гузаштан бо хавфу хатар ҳамроҳ аст. Як вақт мегӯянд, ки мошин тез гузашт. Баъзан мегӯянд, аз пиёдаравӣ хаста шудем. Чӣ кор кунем? Шароит нест."

Зоҳир Холов, сокини ҷавони деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҳисор ҳам гуфт, ҳар рӯз барои таҳсил 7-8 километр роҳро тай мекунад.

Деҳаи Ваҳдат 700 хоҷагӣ ва 4000 аҳолӣ дорад. Деҳа тақрибан 10 сол пеш бунёд шуд ва шумораи кӯдаконаш ҳар сол меафзояд. Сокинони деҳа умед доранд, ки касе ба додашон мерасад ва фарзандонашон ҷойи дурусти таълим пайдо мекунанд. Орзуе, ки маълум нест, кай ҷомаи амал хоҳад пӯшид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG