Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ксения Собчак барномаи интихоботии худро эълон кард


Ксения Собчак

Ксения Собчак, довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи 23-юми декабр барномаи пешазинтихоботии худро бо номи “123 қадами мушкил” муаррифӣ кард.

Интихоботи президентии Русия моҳи марти соли 2018 баргузор хоҳад шуд. Номзади аслӣ дар ин интихобот Владимир Путин, президенти кунунист, ки ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотии солонааш гуфт, рақиби сазоворе надорад.

Ксения Собчак мегӯяд, дар барномаи пешазинтихоботии ӯ эҷод ва ҳимояи ниҳодҳои демократӣ дар Русия, риояи қонун арзишҳои умумиаврупоӣ, муносибати дӯстона бо кишварҳои дигар ва беҳбуди вазъи зиндагии мардум мақоми хос дорад.

Ӯ, инчунин, пешниҳод кардааст, ки аз роҳи қонун ҳуқуқи сохторҳои қудратӣ коҳиш дода шавад. Дар барномаи пешазинтихоботии Ксения Собчак қазияи ишғоли Қрим аз тарафи Русия низ матраҳ шудааст. Вай бори дигар таъкид кардааст, ки бино ба ҳуқуқи байналмилалӣ, нимҷазираи Қрим қаламрави Украина аст.

Ксения Собчак моҳи октябри имсол расман эълон кард, ки номзадияшро ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 пешбарӣ мекунад. Духтари раиси пешини шаҳри Санкт-Петербург Анатолий Собчак аз соли 2004 ба ин сӯ шореҳи барномаи "Дом-2"-и телевизиони ТНТ аст.

Видеоҳои охирин

Садама дар Фархор. Се нафар ҷон бохтанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:48 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG