Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори рус мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт


Марди мусаллаҳ бо таппонча
Марди мусаллаҳ бо таппонча

Хабарнигори нашрияи мустақили "Кавказский узел" мегӯяд, ӯ баъди ҳамлаи мусаллаҳона, ки ба фаъолияти касбиаш рабт дорад, акнун ба худ меояд.

Вячеслав Прудников гуфт, рӯзи 21 декабр, дар ҳоле, ки ӯ ба зиёрати қабристони шаҳри Красний Сулини минтақаи Ростов рафта буд, марде ба сӯяш аз таппонча тир кушод ва оринҷашро захмӣ кард. Ин мард, ки чеҳраашро бо силоҳ пӯшида буд, фарёд зад, ки "ту бо навиштаҳоят бар зидди ҳукумат безор кардӣ".

Прудников коршикании ангиштканҳои шаҳри Гулковоро пайгирӣ мекард, ки аз моҳи сентябр бо талаби боло бурдани маош ҷараён дорад.

"Кавказский узел" соли 2001 аз тарафи гурӯҳи ҳуқуқи башари "Мемориал" барои пӯшиши таҳаввулоти Қафқози Шимолӣ, манотиқи атрофи он, Қафқози Ҷанубӣ, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон таъсис ёфт.

Моҳи январ хабарнигори "Кавказский узел" дар минтақаи Ростов на Дону аз ҷониби афроди номаълум латту кӯб шуд.

Хабарнигори дигар ин пойгоҳ - Аҳмаднабӣ Аҳмаднабиев соли 2013 над наздикии хонааш дар Доғистон ҳадафи тир қарор гирифт. Дар ин куштор касе муҷозот нашуд.

XS
SM
MD
LG