Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: мубориза бо ҷангиёни исломӣ дар Сурия тамом нашудааст


Бретт Макгурк
Бретт Макгурк

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико бар ин назар аст, ки мубориза бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" пурра тамом нашудааст. Дар ин бора фиристодаи вежаи ИМА дар мубора бо ДИИШ Бретт Макгурк рӯзи 21 декабр изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки маъмурияти Амрико ба изҳороти ҷониби Русия, ки террористҳо шикаст хурданд, эътимод надорад. Ба гуфтаи фиристодаи вежаи ИМА ҳоло дар Сурия ва Ироқ то 3 ҳазор ҷангии ин гурӯҳ боқӣ мондааст.

Макгурк гуфт, ки сарфи назар аз фармони хуруҷи нерӯҳои Русия аз Сурия Маскав ҳоло ҳам дар ин кишвар ҳузури низомии қобили мулоҳиза дорад. Ӯ гуфт ИМА дар минтақаи Ат-Танф шумори ночизи нерӯҳояшро нигаҳ доштааст, то аз бозгашти ДИИШ ба он ҷо ҷилавгирӣ кунад.

Ба гуфтаи намояндаи вежаи ИМА эътилофи таҳти назари Амрико омодааст бо Русия дар самтҳое ҳамкорӣ кунад, ки манфиати тарафҳо ба ҳам мувофиқ меоянд. Макгурк аз ҳамкорӣ бо Русия дар кӯмак ба паноҳандагон намуна овард, ки дар урдугоҳе воқеъ дар марзи Сурия ва Урдун ҷойгир аст.

Рӯзи 6 декабр раҳбари ситоди умумии нерӯҳои Русия генерал Валерий Герасимов аз шикасти комили ДИИШ дар Сурия хабар дод. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 11 декабр аз пойгоҳи Ҳмеймим, макони истқрори нерӯҳои Русия дар Сурия боздид ба амал овард ва фармони хуруҷи нерӯҳо аз ин кишварро эълон кард.

Ҳамзамон бо ин, рӯзи 21 декабр маълум шуд, ки Думаи давлатӣ созишномаи густариши пойгоҳи нерӯҳои дарёии Русия дар Тартуси Сурияро тасвиб кард, ки барои 49 баста шудааст.

XS
SM
MD
LG