Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коррупсия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар соли равон нисбати соли 2016 афзоиш ёфтааст. Дар ин бора президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси олӣ хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллӣ низ 25 дарсад афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфт, бо вуҷуди тадбирҳо ҳанӯз ҳам ҳолати содиравшии амалҳои корупсионӣ кам нестанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз афзоиши амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои қудратӣ хабар дод, ки соли равон беш аз 10 корманди Оҷонсии зидди фасод боздошт ва зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG