Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд


Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш пешниҳод кард, ки соли 2018 дар Тоҷикистон "Соли рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон карда шавад. Раисиҷумҳур ҳамчунин гуфт, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби фонди давлатӣ маблағ ҷудо шавад. Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки аз моҳи июни соли оянда фурӯши тамоми намуди маҳсулоте, ки аз ҳунарҳои мардумӣ дар хона омода мешавад, аз пардохти андоз озод карда шавад. Ӯ афзуд, ин яке аз роҳҳои паст кардани камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, ба ин ҳадаф Кумитаи сайёҳӣ таъсис додааст. Тоҷикистон дар раддабандиҳои ахир, яке аз маконҳои мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон дар ҷаҳон гуфта мешавад.

Видеоҳои охирин

Садама дар Фархор. Се нафар ҷон бохтанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:48 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG