Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолӣ гуфт, ки таҳти фишори мақомоти Эрон гуноҳро бар дӯш гирифт


Академики эронитабори Шведсия, ки бо ҷурми ҷосусӣ дар Эрон ба марг маҳкум шудааст, эътирофи гуноҳашро, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шуда буд, рад кард ва гуфт, ки ӯро маҷбур карданд.

Аҳмадризо Ҷалолӣ, пажуҳишгари Институти Каролинскаи Шведсия дар як навори аудиоӣ гуфт, ки мақомот бо ваъдаи озод шуданаш ӯро маҷбур карданд гуноҳро бар дӯш бигирад.

Рӯзи 17 декабр Ҷалолӣ дар як барномаи телевизиони давлатии Эрон эътироф кард, ки дар бораи донишмандони соҳаи ҳастаии Эрон ба хадамоти истихборотии кишвари хориҷӣ маълумот додааст. Ин донишандон баъдан дар суиқасд кушта шуданд.

Ҷалолӣ дар навори аудиоӣ гуфтааст, ки ӯ гуноҳро таҳти фишори равонӣ эътироф намуд.

Як узви хонаводаи Ҷалолӣ воқеӣ будани навори садоиро рӯзи 19 декабр дар сӯҳбат бо ББС тасдиқ карда гуфт, ки навор дар дохили зиндон сабт шудааст.

Аҳмадризо Ҷалолии 46-сола моҳи апрели соли 2016 боздошт ва баъдан ба ҷосусӣ муттаҳам шуд. Ӯ ва хонаводааш иттиҳомро рад кардаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳукми эъдоми Аҳмадризо Ҷалолиро маҳкум карданд ва гуфт, ки Эрон афроди дорои душаҳрвандиро бидуни таҳқиқу бозҷӯии мунсифона муҷозот мекунад.

Эрон аз таҷрибаи эътирофҳои маҷбурии боздоштшудаҳои сиёсӣ аз тариқи телевизион зиёд истифода мекунад. Якчанд боздоштшуда баъди берун шудан аз зиндон гуфтанд, ки онҳо таҳти фишор гуноҳро бар дӯш гирифтанд.

XS
SM
MD
LG