Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Қирғизистон Отамбоевро раис интихоб мекунад


Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) охири моҳи январи соли 2018 бо баргузории анҷуман раиси нав интихоб мекунад. Муовини раиси ҳизб Фарид Ниёзов мегӯяд, ба курсии раисии ҲСДҚ танҳо як номзад - президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев пешбарӣ мешавад.

"ҲСДҚ номзади дигар надорад. Теъдоди номзадҳо маҳдуд нест, аммо сотсиал-демократҳо аз Отамбоев ҷонибдорӣ мекунанд", - гуфт вай.

ҲСДҚ ҳизби ҳукумрони Қирғизистон аст. Замони роҳбарии Алмосбек Отамбоев ин ҳизбро раиси пешини порлумон Чинибой Турсунбеков ва Фарид Ниёзов роҳбарӣ мекарданд. Аммо ҳеч кадоми онҳо раис нестанд. Рисолати Алмосбек Отамбоев ба ҳайси президент 24 ноябр ба охир расид.

XS
SM
MD
LG