Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Далер Пиров дар олимпиадаи илмии Боку


Хонандаи синфи 9-уми литсеи тоҷикӣ-русиии "Ҳотам ПВ" Далер Пиров дар олимпиадаи илмӣ, ки аз 10 то 15-уми декабр дар Боку -- пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, сазовори ҷои аввал шуд. Дар ин озмуни илмӣ ширкатдорон ба суолҳо аз се фан посух доданд ва Далер Пиров аз фанни физика аз 30 имтиёзи матлуб 30, аз фанни кимиё аз 30 имтиёз 28 ва аз математика аз 30 имтиёз 11 имтиёз ба даст овард. Вай дар шарҳи сабаби кам ба даст овардани имтиёзҳо аз фанни математика гуфт, ки бинобар камии вақт натавонист ба ҳама суолҳо посух диҳад. Барандагони медалҳои тиллои ин олимпиада бо ҷоизаҳо, аз ҷумла нотбук мукофотонида шуданд. Ҳамчунин ҳама хароҷоти сафари ширкатдоронро ташкилкунандагони ин озмун пардохт кардаанд. Дастаи Тоҷикистон, ки ба он Далер Пиров, Бобохон Ҳафизов ва Сунаттуло Саидов шомил буданд, дар ҳисоби дастаи дар мақоми чаҳорум қарор гирифт. Бобохон Ҳафизов, узви дастаи Тоҷикистон дар ин озмун мақоми савумро касб кард.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG