Намояндагони Гвардияи миллии Украина субҳи 18 декабр хабар доданд, ки 60 аъзои ин ниҳод дар задухӯрд бо ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Киев ҷароҳат бардоштаанд.
"Баъди расонидани ёрии тиббӣ, 45 корманди гвардия ба идомаи хизмат пардохт ва 15 тани дигар бистарӣ шуд. Аз миёни бистаришудаҳо 13 тан аз газ заҳролуд шуда, 2 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт", - хабар медиҳад Гвардияи миллӣ.
Ахиран ҷонибдорони президенти пешини Гурҷистон ва роҳбари собиқи вилояти Одессаи Украина Михаил Саакашвилӣ дар Киев роҳпаймоӣ барпо карданд. Ҷонибдорони Саакашвилӣ талаб доранд, ки ба президенти Украина Петр Порошенко нобоварӣ эълон шавад. Баъди роҳпаймоӣ онҳо барои ворид шудан Кохи Октябр талош карданд. Ба гуфтаи худи Саакашвилӣ вақте одамон ба назди бино расиданд, онҷо "пулис бар онҳо зӯроварӣ кардааст".
Эътирозгарон сарфи назар аз ин талош карданд вориди бино шаванд, аммо пулис монеи онҳо шуд.
Саакашвилӣ баъдтар ин моҷароро иғво номид.