Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 11 афсари пулиси Афғонистонро куштанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба ду посгоҳ дар вилояти Ҳилманд 11 афсари пулисро куштаанд. Ҳаётулло Ҳаёт, раиси вилоят рӯзи 17-уми декабр гуфт, нерӯҳои афғон дар ниҳоят ин ҳамларо баргардонданд, ки субҳи ҳамин рӯз ва дар маҳаллаи Қалъаи Санги шаҳри Лашкаргоҳ маркази вилоят сурат гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, ду маъмури дигар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд. Ғаффор Сафӣ, сардори пулиси вилояти Нангарҳор гуфт, 15 ҷангҷӯро куштанд. Дар вилояти ҳамсоя дар Қандаҳор ба гуфтаи мақомот дар натиҷаи ҳамлаи бомбгузори маргталаб ба корвони нерӯҳои хориҷӣ як зани афғон кушта шудаанд ва 5 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Нерӯҳои НАТО гуфтанд, ки гузоришҳо дар бораи ҳамларо таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG