Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 13 ҳазор "хлопушка" дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки як сокинони вилояти Суғдро бо иттиҳоми қочоқи маводи тарфгарӣ (хлопушка) дастгир кардаанд. Хадамот рӯзи 16-уми декабр хабар дод, ки Н.Д як сокини вилоят, рӯзи 8-уми декабр бештар аз 13 ҳазор донна мавод барои оташбозиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид кардааст.

Баъди таҳқиқ, маводи тарфгариро дар дохили мошинаш пайдо кардаанд. Дар Тоҷикистон солҳо боз оташбозӣ мамнӯъ аст ва фурӯши ин маводро ҳам манъ кардаанд.

Хадамоти гумрук мегӯяд, ки ба зидди сокини Суғд бо иттиҳоми воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ парванда боз карда ва ба ихтиёри додситонӣ додаанд. Барои ин қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ҷаримаи бузург ва ё ду соли зиндон муқарраро шудааст.

XS
SM
MD
LG