Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатҳ хост, мардум ғазабашонро ба Майк Пенс нишон диҳад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷиноҳи созмони Фатҳ ба зери раҳбарии Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён аз мардум хост, ки рӯзи 20-уми декабр ба зидди сафари Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Байтулмуқаддас, тазоҳуроти хашмгинонае баргузор кунанд.

Пеш аз ин даъват дар рӯзи 16-уми декабр Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил ба расмият мешиносад ва амр дод, ки сафорати Амрикоро ба ин шаҳри тақсимшуда кӯчонанд.

Қарори ӯ аз рӯзи 6-уми декабр арабҳову мусулмонон ва шарикони худи Амрико дар Аврупо ва дигар гӯшаҳои дунёро ба хашм овард.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи 16-уми декабр ба баррасии қатъномае шурӯъ кард, ки қарори Доналд Трампро маҳкум мекунад. Барои қабули ин қатънома 9 раъй зарур аст ва дар сурати қабули он Амрико ҳақ дорад, онро вето кунад.

Байтулмуқаддас, ҳассостарин масъала дар муноқишаи Исроилу-Фаластиниён аст, чун фаластиниҳо ин шаҳрро пойтахти кишвари ояндаи худ мешуморанд.

Исроил Байтулмуқаддаси Шарқиро ишғол карда ва онро пойтахти худ эълон кардааст, вале ҷомеи байналмилал онро ба расмият намешиносад. Аксарияти сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Исроил дар шаҳри Тел Авив ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG