Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон ба Қирғизистон $100 млн қарз медиҳад


Узбакистон ният дорад, ба соҳибкорони Қирғизистон 100 миллион доллар қарз бидиҳад. Дар ин бора рӯзи 14 декабр вазири иқтисоди Қирғизистон Артем Новиков дар Тошканд хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои воридоти маҳсулоти ӯзбекӣ ҷудо мешавад.

"Ҳамаи қарзи мазкур тавассути муассисаҳои молӣ мегузарад, ҳукумат дар мавриди ин қарзҳо ҳеч масъулияте нахоҳад дошт. Ба ҷуз ин, ҷузъиёти қарз миёни ду кишвар дар як шартномаи алоҳида баррасӣ мешавад", - гуфт вазир.

Муҳлат ва шарти гирифтани қарзро вай шарҳ надод.

Ин таҳаввулот дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Тошканд мегузарад, ки рӯзҳои 13-14 декабр анҷом шуд. Аъзои ҳукумат, вакилон, кормандони дастгоҳи президент ва тоҷирон Ҷеенбековро дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG