Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стивен Кинг иттиҳоми ҳамла ба зане дар вақти Уотергейтро рад кард


Стивен Кинг - сафири ИМА дар Ҷумҳурии Чех
Стивен Кинг - сафири ИМА дар Ҷумҳурии Чех

Сафири нави ИМА дар Ҷумҳурии Чех Стивен Кинг, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Настоящее Время" гуфт, ки далелҳои маводи Newsweek дар бораи нақши ӯ дар ҷанҷоли Уотергейт асос надоранд, аммо таъид кард, ки ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳузур дошт.

Маҷаллаи Newsweek аз шаҳодате ёдовар шудааст, ки соли 1972 Кинг гӯё ба Марта Митчел, ҳамсари раҳбари ситоди интихоботии Ричард Никсон ҳамла карда, ӯро бар алайҳи хоҳишаш нигаҳ доштааст ва ин ҳодиса замоне рух додааст, ки Митчел мехост дар бораи робитаи Никсон бо ҷанҷоли Уотергейт ба хабарнигорон маълумот диҳад.

Стивен Кинг, корманди собиқи Идораи федеролии таҳқиқот -FBI, он вақт дар ситоди интихоботии Никсон, ки мехост бори дигар президент интихоб шавад, ба ҳайси муҳофиз кор мекард.

Кинг дар сӯҳбат бо "Настоящее Время" гуфт, ки ӯ дар ҷойи ҳодиса буд ва "қариб ҳамаи далелҳои" мақолаи Newsweek асос надоранд. Аммо афзуд, ки ба хотири эҳтироми хонаводаи Митчел намехоҳад тафсилоти ҳодисаро шарҳ диҳад.

"Ҷолиб аст, ки Newsweek ҳодисаеро кофта баровард, ки қариб ним аср пеш, 46 сол пеш, замоне рух дода буд, ки ман як марди ҷавон будам. Ҳоло низ ман наметавонам ба ҳарфе ки 46 сол пеш гуфтам ҳарфи дигаре зам кунам",- гуфт Стивен Кинг

Соли 1974, ҷумҳурихоҳон дар ситоди Ҳизби Демократ, воқеъ дар меҳмонхонаи "Уотергейт" дастгоҳҳои шунавоӣ насб карданд, ки дар пайи ҷанҷоли он президенти ҷумҳурихоҳ Ричард Никсон истеъфо дод.Ин нахустин намуна дар таърихи Амрико аст, ки салоҳияти президент пеш аз муҳлат қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG