Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба иттиҳоми озори ҷинсии занон посух дод


Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба иттиҳоми озори ҷинсии занон, ки алайҳи ӯ пеш гузошта шуд, посух дод ва онро дасисаи демократҳо унвон кард. "Сарфи назар аз харҷи беҳудаи миллионҳо доллар демократҳо натавонистанд "созиш бо Русияро" исбот кунанд. Акнун онҳо ба туҳмати беасос ва қиссаҳои дуруғини заноне оғоз карданд, ки ман онҳоро намешиносам ва ҳеҷ гоҳ надидаам",- навиштааст Трамп дар саҳифаи твиттер.

Чаҳор сенатори амрикоӣ аз президент Трамп даъват карданд, ки дар робита ба озори ҷинсии занон аз мақомаш истеъфо диҳад.

"Президент бояд истеъфо диҳад", - гуфт сенатори демократ аз Ню-Йорк Керстин Ҷилибрандт рӯзи 11 декабр дар як суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN.

"Ман шахсан шаҳодати 19 занро шунидам, ки мегӯянд, мавриди озори ҷинсии президент қарор доштанд. Даъвои ҳамаи онҳо боиси эътимод аст. Қиссаҳои онҳо даҳшатовар аст", - гуфт сенатор ва афзӯд, "агар Трамп довталабона истеъфо надиҳад, пас Конгресс бояд дар ин робита пажуҳиш анҷом диҳад истеъфои президентро талаб кунад".

Як сенатори дигар аз ҳизби демократ Рон Вайден каме дертар ёдовар шуд, ки "ҳама, аз ҷумла президент, дар назди қонун баробар ҳастанд". Рӯзҳои истироҳати гузашта сенаторҳои дигар Ҷефф Мерклӣ ва Корӣ Букер низ аз Трамп ҳаминро талаб талаб карданд.

Рӯзи якшанбе намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ гуфт, "занҳое, ки Трампро ба хушунати ҷинсӣ айбдор мекунанд, бояд шунида шаванд". Ҳейлӣ афзуд, ки ба ин занҳо бояд эътимод карда шавад.

Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс мегӯяд, Трамп ин айбҳоро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG