Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ гуфт, ки Ироқ пурра аз дасти ДИИШ озод шуд


Пулиси федеролии Ироқ парчами кишварро баъди пирӯзӣ бар ДИИШ парафшон кард. 9-уми декабри соли 2017
Пулиси федеролии Ироқ парчами кишварро баъди пирӯзӣ бар ДИИШ парафшон кард. 9-уми декабри соли 2017

Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ рӯзи 9-уми декабр эълон кард, ки кишвараш пурра аз дасти ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" озод карда шуд.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Бағдод гуфт, тамоми марзҳои Ироқ бо Сурия, бо шумули минтақаҳои саҳроиро низомиёни кишвараш назорат мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки бузургтарин минтақаҳои аҳолинишини Ироқ аз ҷангҷӯёни ДИ озод шудааст..

Чанд сол пеш гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" сеяки қаламрави Ироқ ва як қатор шаҳрҳои бузурги он, аз ҷумла Мавсилро ишғол карда буд. Артиши Ироқ бо дастгирии гуруҳҳои курд ва эътилофи байналмилалии ба раҳбарии Амрико тадриҷан садди роҳи ҷангҷӯён шуд ва дар пайи задухӯрдҳо мавзеъҳоро аз онҳо бозпас гирифт.

Шаҳри Мавсилро, ки пойтахти гурӯҳи тундрави ДИИШ эълон шуда буд, ибтидои соли равон озод карданд.

Чанд рӯз пеш Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия низ хабар дод, ки ДИИШ дар Сурия пурра шикаст хӯрд. Вале фармондеҳии эътилофи байналмилалӣ мегӯяд, ҳанӯз ҳам баъзе аз минтақаҳои Сурия дар дасти ҷангҷӯёни ин гурӯҳ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG