Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати сафир аз Тоҷикистон барои мурооти ҳуқуқи инсон


Ҳю Филпот, сафири Бритониё дар Тоҷикистон

Сафири Бритониё дар Душанбе дар як паёми видеоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар талоши бештар ба харҷ бидиҳад.

Ҳю Филпот, дар ин паёми видеоӣ, ки рӯзи 10-уми декабр ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар Фейсбук нашр кард, мегӯяд: "Тоҷикистон роҳи дарозеро баъд аз ҷанги дохилӣ, ки ҷони мардуми зиёдеро гирифт, тараққиётро боздошт ва ҳукуматдории дурустро ба ҳам зад, тай кардааст. Ҳоло мо ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ мекунем, ки барои пешрафти бештар дар роҳи мурооти ҳуқуқи инсон талошҳояшро бештар кунад.”

Ҳю Филпот дар ин паёми кӯтоҳ ҳамчунин мегӯяд, ки ҳуқуқи инсон барои манофеи миллии Тоҷикистон муҳим аст ва “риояти ин арзишҳо барои суботу шукуфоии бештар ва як ҷомеаи демократӣ кӯмак мекунад. Дар идомаи паём, дипломати бритониёӣ мегӯяд, “

Бритониё ҳамчун як дӯсти мардуми Тоҷикистон мойил аст, муколама муколама дар бораи ҳуқуқи инсонро бо ҳукумат, ҷомеаи маданӣ идома бидиҳад.

Муроҷиати сафири Бритониё ба ҳукумат дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳамингуна кишварҳои ғарбӣ давлати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи мазҳабӣ, маҳдум кардани озодии баён, таъқиби дигарандешон ва нодида гирифтани озодиҳои бунёдии мардум танқид мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG