Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо баъзе вазирон ба Урдун рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 9-уми декабр ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун рафт. Масъулони дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин сафари расмист, аммо ҷузъиёти дигаре надоданд.

Танҳо ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ин сафар оқои Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, маориф, молия, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва раиси Палатаи савдо ва саноат ҳамроҳӣ доранд.

Хабаргузориҳои Урдун навиштанд, ки дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳ Абдуллоҳи дувум ва нахуствазир Хонӣ Мулкӣ гуфтугӯ хоҳад дошт. Интизор меравад, дар ин дидорҳо масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шавад.

Солҳои ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба чанд кишвари арабӣ сафар карда, масъалаи аслӣ дар онҳо ҷалби сармоя будааст. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дар сафар ба Урдун низ бештар масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ҳаёҳуи мухлисони дастаи Эрон дар Қазон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG