Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон ва Лавров дар Вена ба пешрафте ноил нашуданд. ВИДЕО


Шоми 7 декабр дар шаҳри Вена мулоқоти котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба поён расид. Ҷонибҳо дар бораи натиҷаҳои он изҳорот надоданд ва зоҳиран дар ҳалли масъалаҳое, ки ташаннуҷро миёни ду кишвар пурзӯр мекунад, ба пешрафте ноил нашудаанд.

Вохӯрӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор шуд. Тиллерсон дар мавриди дастовардҳои мулоқоташ бо Лавров аз шарҳи бештар худдорӣ карда, гуфт, ҷонибҳо ба муколама ва ҳамкорӣ даст ёфтанд, вале мушкилиҳо ҳал нашуданд. "Шумо наметавонед дар як мулоқот мушкилотро ҳал кунед", - афзуд вай.

Интизор мерафт, Тиллерсон ва Лавров вазъи ахир дар Сурияву Украина ва масоили марбут ба Куриёи Шимоливу муносибатҳои Русия ва ИМА-ро баррасӣ кунанд.

Пештар Тиллерсон гуфта буд, ки ИМА хеле мехоҳад, таҳримҳои зидди Русияро бекор кунад. Вале ба гуфтаи ӯ, то Русия нирӯҳои худро аз шарқи Украина ва Қрим берун набарад, таҳримҳо лағв нахоҳанд шуд. Вай инро монеаи аслии робитаҳои муътадили ду кишвар номид.

Тиллерсон: таҳрими Русия бардошта намешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:57 0:00

Тиллерсон дар доираи як сафар дар Аврупо қарор дошта, талош кард, бо суханҳои тундтаре зидди Москва ҳампаймонони ИМА-ро дар НАТО ором кунад. Вай ҳангоми суханронӣ дар мулоқоти САҲА, ки дар он ҳамтои русаш Сергей Лавров низ ҳузур дошт, гуфт, Москва дар афзоиши хушунат дар шарқи Украина айбдор аст ва бояд ин хотима ёбад.

Русия иддао дар бораи онро ки дар шарқи Украина низоъро бармеангезонаду ба ҷудоихоҳон силоҳ медиҳад, рад мекунад. Лавров дар нишасти САҲА гуфт, "тамоми масъулият бар дӯши худи Украина аст".

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG