Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қарори Трамп дар бораи Байтулмуқаддас - дар СММ


Нишасти Шӯрои амнияти СММ
Нишасти Шӯрои амнияти СММ

Шӯрои амнияти СММ тасмими президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи эътирофи шаҳри Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроилро ҷаласаи изтирорӣ матраҳ мекунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи гузашта иттилоъ дод.

Баргузории ин ҷаласаро аз дабири кулли СММ Антонио Гуттереш 8 узви Шӯрои амният – Фаронса, Боливия, Миср, Итолиё, Сенегал, Шветсия, Бритониё ва Уругвай дархост карданд. Интизор меравад, ҷаласа рӯзи 8-уми декабр баргузор шавад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 6-уми декабр гуфт, "фурсати он расидааст, ки Байтулмуқаддасро расман пойтахти Исроил эътироф кунем". Трамп гуфт ӯ ба Департаменти давлатӣ дастур додааст, ки аз пайи кӯчондани сафорати ИМА аз Телавив ба Байтулмуқаддас шавад.

Раҳбарони кишварҳои арабӣ, Туркия, Эрон ва давлатҳои дигар аз тасмими Трамп сахт интиқод карданд.

Дабири кулли СММ дар шарҳи тасмими Трамп гуфт, “ҳамеша зидди иқдоми якҷонибае ҳаст, ки дурнамои ҳалли осоиштаи баҳси фаластиниҳо бо исроилиёнро зери хатар қарор медиҳанд”.

XS
SM
MD
LG