Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 3,5-солии зиндон ба панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Намояндаи додситонии Русия ба панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи қабристони Хованское 3,5-солии зиндон талаб кардааст. Мурофиаи ин афрод моҳи сентябри имсол дар Додгоҳи ноҳиявии Шербинскии вилояти Маскав шуруъ шуд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 6-уми декабр навишт, дар ҷараёни мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ аз иттиҳоми «амали барқасдона ва амдан расонидани зарар ба саломатӣ аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ ё хусумати миллӣ ва динӣ даст кашидааст. Ӯ ҳамчунон хоҳиш кардааст, «амалкарди муттаҳамон тибқи моддаи авбошӣ, ки аз сӯи гурӯҳи одамон бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст, ба авбошӣ бо истифодаи силоҳ ё ашёе, ки ба унвони силоҳ истифода шудааст, табдил дода шавад.»

Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Шоймардон Аҳмадов ва Раҳмиддин Садриддинов баҳори соли гузашта дар ҷараёни занозанӣ дар қабристони Хованское боздошт шуданд. Парвандаи ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 18-уми августи имсол ба додгоҳ ирсол шуд. Сироятулло Юнусов, бародари Диловар Юнусов, яке аз панҷ муттаҳамон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "гунаҳкорони асосӣ аз тӯри тафтишот берун монданд. Ҳоло нафароне боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки дар ин занозанӣ даст надоранд."

Рӯзи 14-уми майи соли гузашта як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳақ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Қаблан тафтишот гуфт, ки Чабуев, Макарйев ва Бочарников бо ҳадафи зӯран аз кор дар қабристон берун кардани муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин амал даст заданд.

Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон - Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола - кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд. Аммо Вазорати умури хориҷии Русия теъдоди захмиҳо дар ин занозаниро 23 нафар ҳисоб карда буд.

XS
SM
MD
LG