Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ тағйирот ба чанд қонунро баррасӣ мекунад


Рӯзи 21 декабр дар Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъват мешавад. Ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ, дар иҷлосия баррасии Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарҳо баррасӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG