Додгоҳи Олии Испания рӯзи сешанбеи 5 декабр амри боздошти байналмилалии Карлес Пучдемон - раҳбари пешини Каталония ва чаҳор узви кобинаи ӯро бозхонд. Додгустар гуфт, ки сиёсатмадорон барои бозгашт ба Испания хоҳишмандӣ нишон доданд.
Ин панҷ нафар баъди эълони якҷонибаи истиқлолияти Каталония аз Испания, дар таърихи 27 октябр, ба Белгия фирор карданд. Порлумони Испания эълони истиқлолиятро ғайриқонунӣ унвон кард.
Бозхонди дархсти боздошти байналмилалӣ назорати парвандаи Пучдемонро дар бисёр давлтаҳои аврпуоӣ бекор мекунад.
Дархости боздшти Пучдемон ва чаҳор вазири ӯро Додгоҳи Олии Испания содир карда буд. Ин сиёсатмадорон ба шӯриш ва харҷи ғайриқонуии буҷаи давлатӣ муттаҳам мешаванд.
Баъди реферундуми итиқлолияти Каталония, мақомоти Испания ҳукми мустақими худро дар ин минтақа ҷорӣ карданд ва порлумони минтақавиро ба истеъфо фиристоданд. Интихоботи пеш аз муҳлати Катлония ба 21 декабр барномарезӣ шудааст.