Писари раиси ҷумҳури пешини Яман - Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки рӯзи душанбеи 4 декабр кушта шуд, ба интиқом алайҳи шӯришгаронӣ Ҳусӣ, шарикони собиқи падараш, даъват кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Акбария"- и Саудӣ хабар дод. "Ман то замоне мубориза хоҳам бурд, ки охирин Ҳусӣ аз Яман берун андохта шавад...хуни падари ман дар гӯши Эрон чун занги ҷаҳаннам садо хоҳад дод",- гуфт Аҳмад Алӣ Солеҳ. Ӯ аз тарафдорони падараш даъват кард, ки Яманро аз "ҷангиёни эронӣ" бозпас бигиранд.
Раҳбари пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ рӯзи душанбе, як рӯз баъди гузаштанаш ба тарафи нерӯҳои ҷонибдори Саудӣ, дар ҷараёни задухурд бо шӯришгарони Ҳусӣ кушта шуд. Ҳусиҳо пойтахти Яман- Санъоро таҳти назорат доранд.
Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки марги Солеҳ ҷанги чандҷонибаро, ки дар Яман ҷараён дорад, печидатар мекунад. Эътилофи тарафдори Саудӣ, барои пешдастӣ дар низои Яман, ки бадтарин бӯҳрони башарии ҷаҳон ба шумор меояд, ба пуштибонии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ такя мекард.
Президенти табъйидии Яман Абдураббу Мансур Ҳодӣ дар як изҳорот аз Саъудӣ қатли бераҳмонаи Солеҳро маҳкум кард ва ҳукумату артишро ба муборизаи зидди ҳуттиҳо даъват намуд. Вай дар як паёми видеоӣ гуфт:
"Аз тамоми мардуми Яман дар тамоми манотиқи кишвар, ки ҳамоно зери назари ҷангиёни террорист, яъне ҷангиёни ҳутӣ ҳастанд, даъват мекунам, ки бархезанд ва муқовимат нишон диҳанд ва онҳоро маҳкум кунанд. Артиши қаҳрамони мо дар атрофи Санъо ба хотири ҳимоят аз сохторҳои мо сафарбар мешавад. Ҳамчунин аз аъзои ҳизби бузурги мо - Анчумани миллии мардумӣ даъват мекунам, ки дар атрофи раҳбарияти қонунӣ ва қонунҳои конститутсионӣ муттаҳид шаванд".
Солеҳи 75-сола то замони сарнагун шуданаш дар ҷараёни эътирозҳои саросарӣ ва фишори сиёсии соли 2012, седаҳсола раҳбари Яман буд. Солеҳ идораи давлатро идома дод ва бо Ҳусиҳо, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад, эътилоф сохт. Солеҳ аз пуштибонии густардаи афсарони нерӯҳои низомӣ ва раҳбарони қабилаҳои Яман бархурдор буд, ки солҳо таҳти раҳбарии ӯ фаъолият мекарданд.
Писари Ӯ Аҳмад Алӣ Солеҳ, ки як замон сафири кишвараш дар Аморати Араб буд, дар ҳамон кишвар таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Ӯ баъдан ба нерӯҳои Арабистони Саудӣ гаравид, то бо Ҳусиҳо, ки то чанде пеш бахши умдаи кишварро таҳти назорат доштанд, мубориза барад.
Рӯзи 5 декабр Лигаи давлатҳои арабӣ куштори президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро маҳкум кард ва ҳушдор дод, ки ин куштор метавонад бесуботиро дар Яман бештар кунад ва доман низоро ба тамоми кишвар кашонад. Лигаи давлатҳои арабӣ ҳамчунин Ҳусиҳоро "созмони террористӣ" унвон кард.