Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтишот аз мақолаи Манафорт дар бораи Украина норозӣ аст


Пол Манафорт
Пол Манафорт

Гурӯҳи тафтишоти қазияи дахолати эҳтимолии Русия ба умури инихоботи президентии соли 2016-и ИМА, ба озодии Пол Манфорт аз ҳабси хонагӣ мухолифат кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 4 декабр хабар дод. Раҳбари пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп охири моҳи нобяр рӯи мақолае дар бораи фаъолияташ дар Украина кор мекард,- мегӯянд ҳуқуқдонҳои гурӯҳи мушовири вежа Роберт Мюллер. Дар сурати нашр шудани мақола, мегӯянд додситонҳо, амри додгоҳ барои ҷилавгирӣ аз баҳси оммавии қазия халалдор мешуд.

Бинобар маводи қазия, Манафорт мақоларо якҷо бо коршарикаш аз Русия омода мекард, ки имкон дорад бо истихбороти Русия дар иртибот бошад. Номи ин одам ошкор нашудааст. Мақола бояд ҳамкории Манафортро бо ҳизби "Партия регионов"-и Украина аз зовияи мусбат нишон медод, то ба афкори умум таъсир гузорад.

Айбномае, ки алайҳи Манафорт ва коршарики ӯ дар бизнес Рик Гейтс моҳи октябр эълон шуд, ҳамчунин созиш ба хотири пулшӯӣ ва шаҳодати бардурӯғ ба агентҳои федеролиро дар бар мегирад.

Ҳафтаи гузашта мушовири пешини президент Трамп дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн эътиоф кард, ки дар бораи робитааш бо Русия ба Идораи федеролии тафтишот дурӯғ гуфт. Маскав ҳамагуна созиш бо ситоди интихоботии Трампро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG