Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: аз ҳамлаи ҳавоии Русия дар Ғута дастикам 27 нафар ҳалок шуд


Сурия- зарбаи ҳавои ба Ғутаи Шарқӣ. 3 декабри соли 2017
Сурия- зарбаи ҳавои ба Ғутаи Шарқӣ. 3 декабри соли 2017

Дар пайи ҳамлаҳи ҳавопаймоҳои Русия ва нерӯҳои ҳавоии Сурия, рӯзи якшанбеи 3 декабр, дастикам 27 нафар кушта шуд, - гуфт хабаргузории Reuters бо такя ба сокинони маҳаллӣ ва Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия.

Ба гуфтаи хабаргузорӣ, 17 нафар аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба маҳалли зисти одамон ва бозоре дар Ғутаи Шарқӣ ба ҳалокат расид. Чаҳор нафари дигар дар шаҳри Арбин кушта шуд. Қурбониҳои дигар аз аз шаҳрҳои Мисраба ва Ҳараста буданд. Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Reuters, дар тӯли якшабонарӯз беш аз 30 ҳамла болои Ғута анҷом шуд. Ҳамсӯҳбатҳои хабаргузорӣ гуфтанд, ки ҳавопаймоҳо "ҳадафмандона" ба мардуми мулкӣ ҳамла карданд.

Ба гуфтаи Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия, ҳамлаи рӯзи якшанбе аз рӯи теъдоди қурбониҳо бузургтарин ҳамла ба шумор меояд. Ба гуфтаи ин Марказ дар тули 20 рӯзи ахир дар Ғутаи Шарқӣ ҳудуи 200 аҳолии мулкӣ қурбон шуд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки дар минтақа ҳудудан 400 нафар аҳолии мулкӣ боқӣ мондааст, ки ба кӯмаки башардӯстона ва тиббӣ ниёз доранд. Аммо ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки аз қаламрави Ғутаи Шарқӣ берун раванд.

Ғутаи Шарқӣ ба рӯйхати манотиқи ташаннуҷзудои низоъи мусаллаҳона номбар мешавад. Аммо бинобар маълумоти дарёфтӣ, даргириҳо дар ин минтақа идома доранд. Русия, Эрон ва Туркия худро кафили манотиқи ташаннуҷзудо эълон кардаанд. Сар аз 28 ноябр дар ин минтақа оташбас эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG