Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон: аз кишвар берун бурдани дороиҳои тиҷҷорӣ "хиёнат" аст


Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раиси ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, бозаргонҳое, ки талош мекунанд дороиҳои худро ба хориҷ кӯч диҳанд, "хиёнат" мекунанд. Эрдуғон рӯзи 3 декабр дар як шарҳи телевизионӣ гуфт: "Хабар дорам, ки баъзе бозаргонҳо талош доранд дороиҳои худро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд. Ман аз ҳукумат даъват мекунам, ба ин гуна ҳаракатҳо, ки "хиёнат" ном доранд, иҷоза надиҳанд".

Раиси ҷумҳури Туркия, ки дар шаҳри шарқии Мус сӯҳбат мекард, аз ҳеҷ соҳибкори мушаххас ном набурд.

Аммо сӯҳбати Эрдуғон чанд рӯз баъди ин садо дод, ки додситонҳо дастури мусодираи дороиҳои Ризо Зарроб, соҳибкори турки эронитаборро содир карданд. Зарроб ҳоло дар додгоҳи Ню-Йорк алайҳи бонкдори турк, ки ба нақзи таҳримоҳи алайҳи Эрон муттаҳам шудааст, шаҳодат медиҳад.

Зарроб дар шаҳодати худ Эрдуғон ва мақомоти дигари давлатиро ба ин муттаҳам кард, ки аз рӯи як схема 1 миллиард доллар фоидаи газу нафти Эронро тавассути ширкати тиллофурӯшӣ шустушӯ доданд ва ба ин тартиб шароит сохтанд, ки Теҳрон бо фирор аз таҳримҳо ба додугирифти байналмилалӣ ворид шавад.

Соҳибкори турки эронитабор худро дар тақаллуби бонкӣ, шустушӯи пул ва иттиҳомоти дигар, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, гунаҳкор эътироф кард ва барои ҳамкорӣ дар қазия бо мақомот ба созиш расид.

Эрдуғон ва мақомоти дигари Туркия ҳамагуна қонуншиканиро рад мекунанд. Раиси ҷумҳури Туркия мурофиаи Ню-Йоркро "талоши шантаж" унвон кард ва гуфт, ки Туркия ба он сар намефарорад.

Видеоҳои охирин

Маросими имзои созишномаҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:04 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG