Стаффан де Мистура, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, ба иштирокдорони музокироти Женева санадеро додааст, ки дар он нигоҳи ӯ ба ояндаи Сурияи баъдиҷангӣ нигошта шудааст.
Созмони Милал рӯзи 2-юми декабр бо нашри ин хабар дар вебсайти расмиаш гуфт, санад аз 12 бахш иборат буда, ғайрирасмист. Ҳайати Димишқ ва намояндагони мухолифин ҳақ доранд, ки ба он ислоҳ ворид кунанд.
Дар ин санад ба тамомияти арзии Сурия, арзишҳои демократӣ ва ҷараёни интихоботи бидуни фишору дахолати ҷонибҳо таъкид шудааст.
Даври дигари музокироти мақомоти Сурия ва намояндагони мухолифин рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Женева баргузор шуд. Пеш аз шурӯи ин музокирот де Мистура гуфт, таваҷҷуҳи аслӣ ба таҳияи Қонуни асосӣ равона хоҳад шуд. Баъди он, ба гуфтаи фиристодаи вижаи Созмони Милал, Сурия метавонад, ки интихобот баргузор кунад.