Пайвандҳои дастрасӣ

РБК: Путин дастур додааст, ки интихобот бе ҷанҷол гузарад


Владимир Путин ва Элла Памфилова

Кремл ба мақомоти минтақавӣ дастур додааст, ки интихоботи президентии соли 2018-ро бидуни ҷанҷол ва қонушиканӣ баргузор кунанд. Ин дастур шахсан аз тарафи президент Путин ироа шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 1 декабр бо такя ба манобеи наздик ба раҳбарияти минтақавӣ гузориш дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои РБК, мақомоти минтақавӣ се дастури калидӣ гирифтанд: интихобот бояд боз, қонунӣ ва бидуни расвоӣ сурат бигирад. Технологияҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва корбарони он "шадидан муҷозот шаванд",- гуфтааст ҳамсӯҳбати РБК.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Русия 18 марти соли 2018 баргузор мешавад.

То ҳол раҳари коммунистҳо Генадий Зюганов, рабари ҳизби Либерал-Демократ Жириновский, Ксения Собчак, ровии телевизион ва Алексей Навалний, чеҳраи мухолифи ҳукумати Русия довталаби курсии президентӣ шудаанд. Раиси ҷуҳмури феълӣ Владимир Путин то ҳол расман нагуфтааст, ки дар интихобот иштирок мекунад ё не. Аммо интизор меравад, ки ӯ аз номзадҳои аслии ин маърака мешавад ва пирӯзӣ ба даст меорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG