Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The New York Times: Кохи сафед мехоҳанд Тиллерсонро барканор кунад


Дар Кохи сафед мехоҳанд, Рекс Тиллерсонро аз мақоми котиби давлатии ИМА барканор ва ба ҷои ӯ сардори Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпеоро таъйин кунанд. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 30 ноябр бо истинод ба як манбаи муътамад дар маъмурияти ИМА иттилоъ дод.

Дертар ин хабарро хабаргузориҳои Associated Press, Reuters ва чанд расонаи дигар низ нашр карданд. Кохи сафед хабарҳо дар бораи тағйироти эҳтимолии кадриро рад мекунад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати The New York Times, интизор меравад, Тиллерсон тайи чанд ҳафтаи наздик барканор шавад. Манбаъ афзудааст, ки сардори Идораи марказии иктишофӣ ҷонибдори наздики президент Доналд Трамп ва сенатори ҷумҳурихоҳ Том Коттон таъйин хоҳад шуд. Нашрия дақиқ нагуфтааст, ки ин нақшаи Кохи сафедро Трамп тасдиқ кардааст, ё не.

Ибтидои моҳи октябри соли равон низ телевизиони NBC хабар дода буд, ки Тиллерсон мехоҳад, ба далели баҳс бо Трамп истеъфо диҳад. Манбаи NBC гуфта буд, ки котиби давлатии ИМА ҳанӯз тобистони соли равон мехост, аз мақомаш истеъфо диҳад, вале муовини президент Майк Пенс аз ӯ хоҳиш кард, бимонад. Тиллерсон ин хабарҳоро рад карда, гуфт, ба монанди пешин "вафодори президент" боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG