Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, ки лағви эътиборномаи РТ-ро беҷавоб намегузорад


Тасвири умумии яке аз биноҳои Кремлин -
макони фаъолияти Владимир Путин
Тасвири умумии яке аз биноҳои Кремлин - макони фаъолияти Владимир Путин

Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсияи Русия ба "чораҳои ҷавобӣ" ба Ийолоти Муттаҳида омодагӣ мегиранд, ки рӯзи гузашта эътиборномаи хабарнигорони шабакаи РТ, барои пушиши таҳаввулот дар Конгрессро бекор кард. Намояндагони порлумон мегӯянд, ки посух ҳамсанг хоҳад буд ва Шӯрои федератсия машварат додааст, ки вокуниш бояд дафъатан ва бидуни кашолкорӣ сурат бигирад.

Ҳафтаи гузашта Русия қонунеро қабул кард, ки агар матбуот аз хориҷ кӯмаки молӣ дарёфт кунад, "агенти хориҷӣ" эътироф мешавад. Ин қонун дар посух ба талаби ИМА буд, ки шабакаи РТ-ро ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабти ном кард. РТ аз ҷониби ҳукумати Русия сармоягузорӣ мешавад. Вашингтон борҳо ба Маскав шарҳ дод, ки қонуни "агенти хориҷӣ"- дар ИМА, аз ончӣ дар Русия тасвиб шуд фарқ мекунад ва озодии иттилоъро маҳдуд намесозад. Рӯзи гузашта РТ аккредитация ва ё эътиборномаи пӯшиши таҳаввулот дар Конгрессро аз даст дод.

Қаблан Вазорати адлияи Русия ба "Радио Свобода" - бахши русии Радиои Озодӣ, шабакаи телевизионии "Настоящее Время" ва тарҳҳои дигари Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ нома фиристод ва аз эҳтимоли маҳдуд шудани фаъолияти онҳо хабар дод.

XS
SM
MD
LG