Даҳҳо ангишткани кони “Қазахмис", воқеъ дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон, рӯзи 30 ноябр бо талаби беҳтар кардани шароити кор даст ба эътироз заданд. Дар ин бора фаъолони ҷомеа бо пахши аксу наворҳо дар Фейсбук хабар доданд.
Бар пояии наворҳо даҳҳо корманди “Қазахмис" дар назди бинои маъмурии кони рақами 65-и кони Жезказгани Ҷанубӣ ҷамъ шудаанд. Ин кон дар 10-километрии шаҳри Сатпаев ҷойгир аст.
Бино ба хабарҳо, ангиштканҳои норозӣ талаб доранд, ки мақомот ҳаҷми маош, нафақа ва ҷубронпулии онҳоро баланд бардоранд ва мулоқоти онҳоро бо раҳбари шӯрои мудирони ширкат Эдуард Огай таъмин кунанд.
Хадамоти матбуотии ширкати “Қазахмис” ваъда дод, ки дар ин бора дертар иттилои расмӣ пахш хоҳад кард.