Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия эътилофи ИМА-ро ба тақсими Сурия муттаҳам кард


Сафири Русия дар СММ Василий Небензия ба муқобили таҳқиқи ҳамлаи кимиёвии ҳукумати Сурия райъ дод
Сафири Русия дар СММ Василий Небензия ба муқобили таҳқиқи ҳамлаи кимиёвии ҳукумати Сурия райъ дод

Сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид Василий Небензия эътилофи таҳти назари Амрикоро ба талоши тақсим кардани қаламрави Сурия муттаҳам кард ва гуфт, ки эътилоф дар минтақаҳои озодшуда аз дасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ҳукумаҳои маҳаллиро таъсис медиҳад. Небензия рӯзи 29 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ гуфт, эътилофи Курдҳо ва ҷангиёни Араб, ки чанде пеш Раққаро аз ДИИШ озод карданд, масъалаи сохтори ҳукумати маҳаллӣ ва бозсохти иқтисодро бе иштироки шарикони Русия ва ҳукумати Асад матраҳ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости ва Интерфакс гузориш додаанд.

"Мо хабарҳое дарёфт кардаем, ки дар минтақаҳои озодшуда аз ДИИШ эътилоф мустақиман дар таъсиси сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ ва баҳси чораҳои эҳёи иқтисод иштирок дорад",- мегӯяд Интерфакс аз қавли Небензия.

Русия ин шикоятро замоне матраҳ кард, ки даври ҳаштуми музокироти сулҳи Сурия дар Женева ҷараён дорад ва ҳадафаш хотима гузоштан ба ҷанги шашсолаи шаҳрванди дар ин кишвари Ховари Миёна гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG