Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳавопаймои Афғонистон дар фурудгоҳи Тошканд нишаст


Нахустин ҳавопаймои масири Кобул-Тошканд рӯзи 29-уми ноябр дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови пойтахти Узбакистон нишаст. Аз 8-уми декабр парвозҳои Кобул-Тошканд ҳафтае ду бор - чаҳоршанбе ва якшанбе сурат мегиранд.

Мусофирон аз Афғонистон пештар барои расидан ба Тошканд тавассути Истанбул ё Дубай парвоз карда, аз 17 то 32 соат вақт сарф мекарданд. Бо фароҳам шудани парвозҳои мустақим, ҳамакнун расидан аз Кобул ба Тошканд 1,5 соат вақт мегирад.

Фурудгоҳи байналхалқии Тошканд ҳамзамон метавонад мусофирони ширкати ҳавопаймоии Kam Air-ро ба Олмон, Бритониё ва кишварҳои дигари Аврупо бирасонад.

Хатти парвози нави Кобул-Тошканд танҳо қисме аз ҳамкориҳои Тошканду Кобул аст. Бар асоси шартнома, сарнишинони афғон дар Тошканд омӯзиш ва, инчунин, ҳавопаймоҳои Kam Air дар ширкати Uzbekistan Airways Technics таъмир мешаванд.

Дар ояндаи наздик ширкатҳои ҳавопаймоии Узбакистон низ ба Афғонистон парвоз анҷом хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG