Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия амри боздошти 360 низомии "тарафдори Гулен"- ро содир кард


Шаҳри Истамбул

Додситонҳои Туркия фармони боздошти 360 сарбоз ва низомии касбии нерӯҳои кишварро содир карданд, ки гӯё аз ҳамдастони рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен буданд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Анадолу рӯзи 29 ноябр гузоориш пахш кард.

Кормандони пулис амалиёти боздошти гумонбаронро дар Истамбул анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи оҷонсии хусусии "Долган" шаш нафари боздоштшудаҳо сарнишини ҳавопаймо буданд.

Ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон иддао дорад, ки шабакаи Гулен ва тарафдоронаш моҳи июли соли 2016, мехостанд табаддулот анҷом диҳанд. Фатҳулло Гулен, ки солҳо боз дар Амрико басар мебарад, иттиҳомро рад мекунад.

Аз замони кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки 250 нафарро қурбон кард, беш аз 50 ҳазор нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Гулен боздошт ва 150 000 нафар аз кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ ронда шуд. Ҳафтаи гузашта, дар чаҳорчӯби баррасаии қазияҳои марбут ба табаддулот 700 нафар таҳти боздошт қарор гирифт.

Шарикони ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар дар Туркия нигарон шудаанд, ки Анкара кӯшиши табаддулотро ҳамчун баҳонаи саркуб кардани дигарандешӣ истифода мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG