Попи Рум Франсиск бо раҳбари Мянмар Аун Сан Су Ҷӣ дидору гуфтугӯ кард. Ӯ дар суханронии худ баъди мулоқот бо Су Ҷӣ аз сокинони Мянмар даъват кард, ки ба ҳуқуқи тамоми "гуруҳҳои қавмӣ" эҳтиром бигзоранд, чун ояндаи Бирма аз он вобаста аст.
Франсиск ҳангоми суханронӣ дар назди Су Ҷӣ ва намояндагони ҳукумати Мянмар таъқибҳоро зикр накард ва калимаи "роҳинҷа"-ро низ ба забон наовард. Вале ибрози таассуф кард, ки мардум дар Мянмар "ҳанӯз ҳам аз задухӯрдҳои шаҳрвандӣ ва амалиёти низомӣ ранҷ мебаранд".
Попи Рум гуфт, ба тамоми шахсоне, ки Мянмарро хонаи худ медонанд, бояд ҳуқуқҳои бунёдии инсон кафолат дода шавад.
Дар Мянмар, ки сокинони он аслан буддоиҳоянд, истифодаи оммавии калимаи "роҳинҷа" манъ аст. Дар ин кишвар ба ақаллиятҳои мусулмон шаҳрвандӣ намедиҳанд ва онҳоро ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунии "банголӣ" медонанд.
Суханронии Франсиск дар назди Су Ҷӣ як бахши барномаи сафари ӯ ба Мянмар буд. Зеро Попи Рум пештар низ дар робита ба таъқибҳои мусулмонони роҳинҷа дар Мянмар эътироз баён карда буд. ИМА ва СММ низ ин таъқибҳоро "поккории қавмӣ" номиданд.
Таъқибҳо моҳи августи соли равон баъди он оғоз шуданд, ки шӯришиёни роҳинҷа ба постгоҳҳои артиш ҳамла карданд. Дар натиҷаи амалҳои ҷавобӣ беш аз 620 000 мусулмони роҳинҷа ба кишвари ҳамсоя - Бангладеш гуреза шуданд. Бино ба хабарҳо, бисёр деҳаҳои мусулмонони роҳинҷа сӯзонида ва занону духтарон таҷовуз шудаанд.