Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирон: Парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Урумчӣ ба Душанбе ба таъхир афтод


Парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон-эйр” аз фурудгоҳи шаҳри Урумчии Чин ба Душанбе ба таъхир афтодааст.

Мусофирон мегӯянд, дар билети онҳо сабт шудааст, ки соати яки шаби 29-уми ноябр ба вақти Чин бояд ба Душанбе парвоз анҷом шавад, вале бе эълони пешакӣ парвозро ба соати панҷ субҳ гузоштаанд.

Як мусофири самти Урумчӣ-Душанбе, ки худро Умар Юсуфов муаррифӣ кард, шаби 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 10 ба фурудгоҳ омаданд, вале онҳоро барои ворид шудан роҳ надоданд.

“Мо гуфтем, ки се соат пеш аз парвоз биоем, вале ин ҷо гуфтанд, ки соати як парвоз нест. Субҳ парвоз мешавад. Ҳоло бо ҳашт нафар мусофир дар берун қарор дорем. Ҳаво хеле сард аст”.

Ин мусофирон гуфтанд, ки ширкати “Сомон-эйр” онҳоро ба меҳмонхона таъмин накардааст.

Ҳанӯз “Сомон-эйр” ин мушкилро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG