Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба модарҳои оянда кумакпӯлӣ ваъда дод


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бо нигаронӣ аз "вазъи бӯҳронии демографӣ" гуфт, давлат ба ҳар модар баъд аз таваллуди кӯдаки аввал 18 моҳ кумакпулӣ ироа мекунад.

Путин рӯзи 28-уми ноябр дар мулоқот бо Шӯрои масъули татбиқи "Стратегияи давлатии кӯдакон" барои соли 2012-2017 гуфт, аз 1-уми январи соли 2018 хонаводаҳо ҳудуди $180 кумакпулӣ мегиранд.

"Барои ба эътидол овардани шумори аҳолии Русия ва ҷилавгирӣ аз коҳиши он дар даҳсолаи оянда бояд як қатор чораҳоро ба кор бубарем", - гуфт Путин, ки интизор меравад, моҳи март барои як даври дигар дар интихоботи президентӣ иштирок кунад ва пирӯз шавад.

Аҳолии Русия, ки авҷи баланди он дар соли 1992, як сол баъд аз суқути Шӯравӣ, ба 148 миллион мерасид, дар солҳои баъдӣ рӯ ба коҳиш овард. Владимир Путин афзоиши аҳолиро дар 18 соли раҳбариаш ба сифати президент ё нахуствазир аз авлавиятҳои фаъолияташ муайян кардааст.

Ӯ дар мулоқоти Маскав гуфт, "барномаи миллии демографӣ"-ро танзим ва бештар ба хонаводаҳои камбизоат тамаркуз мекунад. "Қарзи махсус ба хонаводаҳое, ки ду ё бештар аз ин кӯдак доранд, бо баҳрам камтар аз 1-уми январ пешниҳод мешавад", - афзуд Путин.

Хонаводаҳое, ки тифли аввалро ба дунё овардаанд, то 18-моҳагии кӯдак аз давлат кӯмакпулӣ мегиранд. Хароҷоти ин барнома дар буҷети Русия $2,5 миллиард ҳисоб шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, аҳолии Русия дар соли 2016 ба 144,3 миллион баробар буд.

XS
SM
MD
LG