Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона Чинро ба ҳимояи ҳуқуқи қазоқҳо даъват кард


Раисони ҷумҳури Чин ва Қазоқистон дар маросими ифтитоҳи лӯлаи газ
Раисони ҷумҳури Чин ва Қазоқистон дар маросими ифтитоҳи лӯлаи газ

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, ки шикоятҳои батакрори қазоқҳои қавмӣ аз фишори рӯзафзӯн дар Чинро бо мақомоти он кишвар матраҳ кард.

Вазорат дар изҳороти рӯзи 28-уми ноябр навишт, ноиби вазири умури хориҷӣ Оқилбек Камолиддинов ва сафири Чин дар Қазоқистон Йан Ханхуэй мушкили қазоқҳои қавмиро рӯзи 27-уми ноябр дар Остона баррасӣ карданд.

Дар ҳамин рӯз шикояти қазоқҳои этникӣ дар мулоқоти намояндагони консулгариҳои ду кишвар низ матраҳ шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки дипломатҳо шикояти қазоқҳоро рӯзи 9-уми ноябр дар Пекин ба самъи вазири умури хориҷии Чин расонданд.

Моҳҳои ахир матбуоти Қазоқистон ва расонаҳои дигар бо такя ба ҷамъияти қазоқҳо дар вилояти Шинҷони Чин навиштанд, ки қазоқҳои қавмӣ ва наздикони онҳо таҳти назорат ва фишори шадиди мақомоти маҳаллӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG