Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум гуфт, Мянмар эҳтироми "ҳамаи қавмҳо"-ро ба ҷо орад


Попи Рум ҳангоми муоқот бо раҳбари Мянмар. 28-уми ноябри соли 2017
Попи Рум ҳангоми муоқот бо раҳбари Мянмар. 28-уми ноябри соли 2017

Поп Франсис мақомоти Мянмарро ҳушдор дод, ки ояндаи ин кишвар ба эҳтироми "ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ" ва пуштибонии ғайримустақими мусалмонҳои Роҳинҷа вобаста аст, ки даҳсолаҳо боз ба табъиз гирифторанд ва моҳҳои ахир аз ҷониби низомиён саркӯб шуданд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи 28-уми ноябр, ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбари мулкии Мянмар Аунг Сан Сучӣ ва мақомдорони дигар, аз истилоҳи саркӯб ё калимаи "Роҳинҷа" худдорӣ кард, вале гуфт, мардуми Мянмар аз низоъҳои шаҳрвандӣ ва хусуматҳо азоб мекашид ва ҳоло ҳам ранҷ мебарад. Поп гуфт, ҳуқуқи асосии ҳар нафар, ки Мянмарро хонаи худ медонад, бояд кафолат дода шавад.

Аз 25-уми августи соли равон беш аз 400 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зӯроварии низомиёни Бирма аз маконҳои зисти худ ба Бангладеши ҳамсоя фирор карданд.

Мақомоти Мянмар саркӯби мусалмонҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо ба шӯришгарони Роҳинҷа муқовимат карданд.

XS
SM
MD
LG