Пайвандҳои дастрасӣ

Фирориҳои зиндони Қирғизистон боздошт шуданд


Мақомоти вилояти Чуйи Қирғизистон мегӯянд, ду гумонбаре, ки субҳи 26-уми ноябр аз боздоштгоҳи муваққатии идораи пулиси ноҳияи Сокулук фирор карданд, баъди як рӯз боздошт шуданд.

Ба қавли сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Чуй Нурбек Токтосунов, пулис Рамил Бозорқулов ва Боқид Дилдешовро дар шаҳри Бишкек дастгир кард. Ду нафари дигари онҳо - Багтият Ачилдурдиеви 32-сола ва Кайрат Жанботоеви 28-сола ҳанӯз дастгир нашудаанд.

Ёдрас мешавем, субҳи 26-уми ноябр чаҳор нафари гумонбар дар ҷиноятҳои сангин аз боздоштгоҳи пулиси Сокулук фирор карданд. Фирориҳо дар пайи амалиёти муштараки бахши Вазорати корҳои дохилии Чуй ва Бишкек ба даст афтоданд. Мақомот дар бораи чӣ тавр ва дар куҷо боздошт шудани онҳо маълумот надодаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Эрнис Усмонбоев гуфт, гумонбарони фирорӣ дар анҷоми ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла авбошӣ ва куштор муттаҳам шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG