Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Назаркарда" – Намоишномаи театрӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон нахустин пйеса дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин тараф зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад, интишор ёфт. Пйесаи "Назаркарда" матни намоишномаи театрӣ буда, ба гуфтаи муаллифаш, корнамоиҳои оқои Раҳмонро аз замони интихобаш ба мақоми раиси Шӯрои олӣ дар соли 1992 то имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав дар бар мегирад.

Матни нахустин намоишномаи театрӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмонро Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси идораи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон навиштааст. Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр гуфтанд, “муаллиф ба ҳайси шоҳиди воқеаҳои солҳои навадум мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он он айёмро ба риштаи тасвир кашидааст.”

Нахустин пйеса дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан дар бораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон даҳҳо шеъру иншову китоб нашр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 65 сол дорад, 19-уми ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро интихоб шуд. Баъдан ӯ дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи иштирок боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.

Тарафдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, субот, сохтмони чанд нақбу рушди иқтисодро аз комёбиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар 25 соли раҳбариаш медонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 25 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст, мардумро бо ҷойи кори муносиб таъмин кунад. Мояи дигари норизоият – тамаркузи бештари қудрат, таҳкими мавқеи аъзои хонавода дар ҳукумат ва аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани мухолифон шудааст, ки ба қавли мунаққидон, плюрализми сиёсиро аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG