Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрумияти боз 5 варзишгари Русия аз ҳаққи ширкат дар Олимпиада


Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 27-уми ноябр 5 варзишгари дигари русро барои як умр аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кард.

Скелетонист Сергей Чудинов, чанатозон Алексей Негодайло ва Дмитрий Труненков, биатлонистҳо Яна Романова ва Олга Вилухина дар истифодаи доруҳои мамнӯи нерӯафзо ё допинг айбдор шуданд.

Натиҷаҳои баромади ин варзишгарон дар шаҳри Сочии Русия низ бекор карда шуданд. Ба ин тартиб, Русия боз аз ду медали тило ва се медали нуқраи бозиҳои соли 2014 маҳрум гашт.

Пештар мунтахаби Русия дар раддабандии ғайрирасмии бозиҳои Сочӣ мақоми аввалро аз даст дода буд. Зеро моҳи ноябр беш аз даҳ варзишгари рус барои нақзи қоидаҳои зиддидопингӣ як умр аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум гаштанд.

Бар пояи натиҷаҳои санҷиши комиссияи мустақил, ки соли гузашта эълон шуданд, дар маҷмуъ беш аз ҳазор варзишгари Русия аз доруҳои нерӯафзо истифода кардаанд. Низоми истифодаи доруҳои мамнуъро давлат дастгирӣ кардааст.

Оҷонсиҳои миллии зиддидопингии 17 кишвар талаб доранд, ки тими мунтахаби Русияро аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои олимпии 2018 маҳрум кунанд. Тасмими ниҳоӣ дар ин бобат қарор аст, ибтидои моҳи декабр гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG