Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина 60 нафарро дар ҷамъомади саркардаҳои мафиа боздошт кард


Пулиси Украина беш аз 60 нафарро дар гӯё ҷамъомади саркардаҳои мафия, дар пойтахт Киев боздошт кардааст.

Мақомот мегӯянд, ки боздоштҳо шоми 26 ноябр дар ҷараёни рейди Пулиси Миллӣ ва нерӯҳои вежаи Украина, дар тарабхонаи маҳаллаи таърихии Пушча -Водитсия сурат гирифт.

Дар изҳороти пулиси Миллии Украина омадааст, ки иштирокдорони ҷамъомади Киев аз саркардаҳои мафия ва сарварони гурӯҳҳои неруманди ҷиноӣ иборат буд, ки аз тавони таъсиргузорӣ ба вазъи ҷиноӣ дар пойтахт ва минтақаҳои дигар бархурдор буданд.

Андрей Кришченко, раҳбари департаменти асосии Пулиси Миллӣ дар Киев гуфт, ки 60 нафар барои бозпурсӣ ба идораи пулис интиқол ёфтанд.

"Тавре маълум шуд, аксари онҳо тарҷрубаи ҷиноӣ доранд ва барои содир кардани қонуншиканиҳои гуногун дар зиндон буданд ",- гуфт Кришченко.

Ин мақомдори Пулиси Миллии Украина ҳамчунин гуфт, ки ҳангоми рейд дар Тарабхона аз гумонбаршудаҳо корду аслиҳаи оташфишон мусодира шуд, ки" иҷозатномаҳои мушкук" доштанд.

Ба гуфтаи ӯ санадҳои баъзе боздоштшудаҳо низ шубҳаовар буд.

Пулис ба таҳқиқот оғоз кардааст ва баъдан маълум хоҳад шуд, ки алайҳи онҳо айбномае содир мешавад ё не.

XS
SM
MD
LG