Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташфишонии вулқони Агунг 60 ҳазор сайёҳро дар Балӣ бандӣ кард


Оташфишонии вулқони Балӣ
Оташфишонии вулқони Балӣ

Бинобар оташфишонии вулқони Агунг ҳудуди 60 ҳазор сайёҳ дар фурӯдгоҳи ҷазираи Балӣ дармонданд. Дар ин бораи хабаргузории Reuters рӯзи 27 ноябр гузориш дод.

Мақомот дар ҳоле амри барои якшабонарӯз масдуд шудани фаъолияти фурӯдгоҳро содир карданд, ки абрҳои ҳомили хокистари вулқон фазои фурӯдгоҳро пур карданд. Беш аз 400 парвоз лағв шуд. Ҳавопаймоҳои масири Балӣ роҳи худро таъғир дода, ва дар фурӯдгоҳҳои Ҷакарта, Сингапур ва шаҳрҳои дигар нишастанд.

Рӯзи шанбе вулқони Агунг барои бори дуввум дар як ҳафта оташфишонӣ кард ва сутуни хокистараш ба баландии 7 километр расид. Мақомоти ҷазира беш аз 24 ҳазор нафарро аз марказҳои аҳолинишин, ки дар 5-8 километрии вулқон воқеъ буд, ба маконҳои безарар кӯч доданд. Сатҳи хатар ба ҳадди аксар боло рафтааст.

Соли 1963 дар пайи оташфишонии вулқони Агунг дар Балӣ, беш аз ҳазор нафар ҳалок шуд.

Ҳамасола то 5 миллион сайёҳ ба ҷазираи Балӣ сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG